18 Января- 12 Джумада аль-авваль 1440

Ислам в Кузбассе

Новости

 ГЛАВНЫЕ НОВОСТИ

В Польше обсудили проблему политзаключенных в Таджикистане

В Польше обсудили проблему политзаключенных в Таджикистане
12 Сентября
18:26 2017

Сегодня на площадке ОБСЕ в Варшаве прошло заседание по политзаключенным в Таджикистане.

С докладами выступили председатель Партии исламского Возрождения Таджикистана Мухиддин Кабири, российский адвокат Дагир Хасавов, таджикский писатель Тимур Варки и оппозиционер Алим Шерзаман. Присутствующим был продемонстрирован документальный фильм о репрессиях в республике.

Докладчики рассказали о притеснении оппозиционных сил внутри страны. Приводились факты о пытках в местах заключения, пропавших без вести, давления на родственников оппозиционеров. Выступающие отмечали, что такая репрессивная политика властей ведет к развитию радикализации общества.

Дагир Хасавов рассказал о своем печальном опыте адвокатской работы в Таджикистане и своей инициативе написания доклада о преследуемых оппозиционерах.

Таджикские власти мотивируют свою жесткую позицию в отношении оппозиции борьбой с терроризмом и установлением стабильности в стране. «Ради фейковой стабильности власти идут на ужасающие репрессии в стране», — на это отметил Шерзаман.

islamnews

СУХАНРОНИИ МУҲИДДИН КАБИРӢ ДАР ВАРШАВА

Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) рӯзи 12 сентябр дар ҳошияи анҷумани САҲА дар Варшава нишастеро пиромуни вазъи маҳбусони сиёсӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон доир кард. Дар ин нишаст раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ҳам суханронӣ кард, вале ними толор холӣ ба назар мерасид.

Нишасте ки ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) дар ҳошияи анҷумани ҳуқуқи башари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар шаҳри Варшава дар мавзӯи вазъи зиндони сиёсӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон сабти ном карда буд, рӯзи 12 сентябр доир шуд. Дар нишасти ҲНИТ раиси ин ҳизб Муҳиддин Кабирӣ, вакили мудофеъ аз Русия Дагир Хасавов, хабарнигори тоҷики муқими Аврупо Темур Қличев ва фаъоли тоҷик Алим Шерзамонов суханронӣ ва дар мубоҳисаҳо Стив Свердлов аз созмони Human Rights Watch ва як дигарандеши қазоқ ширкат карданд.

Муҳиддин Кабирӣ дар суханрониаш шумори маҳбусони сиёсӣ дар зиндонҳои Тоҷикистонро дастикам 200 нафар баршумурд ва гуфт, беш аз 50 тан аз раҳбарони ҲНИТ низ дар ҷумлаи онҳоянд. Ӯ афзуд, ҳамин тавр, дар Тоҷикистон даҳҳо нафар аз наздикони фаъолони мухолифин дар ҳукми гаравгонҳои сиёсӣ қарор гирифтаанд.

Кабирӣ аз ҷумла аз ду келини худаш мисол овард, ки бо набераҳояш наметавонанд аз Тоҷикистон берун сафар кунанд ва тавассути онҳо ба ӯву фарзандонаш фишор меоранд. Ӯ ҳамчунин гуфт, бародараш Сафарбек Кабировро дар остонаи анҷумани САҲА се рӯз боздошт ва шиканҷа карда, ҳушдор додаанд, ки агар писараш Муҳаммадҷон Кабиров ва Муҳиддин Кабирӣ дар Варшава ширкат ва суханронӣ кунанд, ба зидди Сафарбек Кабиров парванда хоҳанд кушод.

Аммо бар хилофи эълонҳои пурсарусадои қабл аз ин нишаст, ки мегуфтанд, ҲНИТ дар Варшава маълумоти сенсатсиониеро дар бораи маҳбусони сиёсӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон ифшо хоҳад кард, кадом иттилои наву хеле баланде дар нишасти ҲНИТ садо надод.

Ба ҷуз инки, ба гуфтаи Муҳиддин Кабирӣ, ду созмони ҳомии ҳуқуқ - Freedom Now ва Hogan lovellsшикояти муовини зиндонии раиси ҲНИТ Муҳаммадалӣ Ҳайитро дар 78 саҳифа ба гурӯҳи кории марбут ба ҳабсҳои худсаронаи Шӯрои ҳуқуқи башари СММ супурдаанд. Муҳаммадалӣ Ҳайит моҳи сентябри соли 2015 дастгир гардида, соли гузашта ба ҳабси умрбод маҳкум шуд.

Дар нишаст ҳамчунин порае аз раддубадали байни Абдуқаҳҳори Давлат, яке аз фаъолони дигари зиндонишудаи ҲНИТ бо Абдулазиз Ҷалов, муовини собиқи раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар ҷараёни мурофиа дар Додгоҳи олӣ ҳам пахш шуд, ки дар он Ҷалов дар посух ба суоли намояндаи ҲНИТ, ки оё дар ҳақиқат бовар дорад, ки онҳо дар ошӯби генерал Абдуҳалим Назарзода даст доштанд?, мегӯяд, "намедонам.”

Дар нишасти ҲНИТ намояндагони ҳайъати расмии Тоҷикистон ва намояндагони расмии САҲА ширкат надоштанд. Муҳиддин Кабирӣ дар посух ба суоли ҳозирин гуфт, кадом мулоқоти расмие бо намояндагони САҲА дар ҷараёни ҳузураш дар Варшава барномарезӣ нашудааст.

Тавре ба назар мерасид, ин нишаст мисли эътирози як рӯз қабли мухолифини тоҷик дар Варшава таваҷҷӯҳи чандон зиёдеро ба худ ҷалб карда натавонист ва ними толори ҷаласа тақрибан холӣ ба назар мерасид.

Муҳиддин Кабирӣ дар суханрониаш сабаби таваҷҷӯҳи ками ҷомиаи байналмилалӣ ба мушкилоти сиёсии Тоҷикистонро ба сахт андармон будани ҷаҳон бо нуқоти доғе, чун Сурияву тамоми Ховари Миёна, Украина ва Мянма бастагӣ дод ва гуфт, мушкилоти Тоҷикистон дар қиёс бо ин нуқоти доғ барои ҷаҳон зиёд муҳим наменамояд.

Нишасти ҲНИТ дар ҳошияи анҷумани САҲА дар Варшава дар ҳоле доир шуд, ки "Ховар” – хабаргузории давлатии Тоҷикистон ахиран ба ин созмони байналмилалӣ ҳушдор дод, ки минбар додан ба намояндагони ҲНИТ ва ширкату суханронии Кабирӣ дар Варшава метавонад бо нархи комилан баста шудани ягон дафтари боқимондаи САҲА дар Душанбе тамом шавад.

Баъди тазоҳуроти эътирозие, ки моҳи сентябри соли 2016 мухолифини тоҷик дар ҳошияи анҷумани солонаи САҲА дар Варшава доир карданд, мақоми намояндагии ин созмон дар Тоҷикистон ба сатҳи Дафтари барномаҳо пойин оварда шуд. САҲА маҷбур шуд, 5 дафтари саҳроияш дар минтақаҳои Тоҷикистонро бандад ва фаъолиятҳои ягона дафтари боқимондааш дар Душанберо низ бояд аз ин ба баъд бо вазорати хориҷаи Тоҷикистон ҳамоҳанг кунад.

akhbor

Поделится

ЕЩЕ НОВОСТИ

КОММЕНТАРИИ